Ҷаласаи ҳисоботии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2022
Соли 2022 барои аҳли маорифи пойтахт, соли рушд, соли муваффақияту дастовард ва дар маҷмӯъ, соли комёбиҳо буд. Маҳз дастгириву ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи маорифи пойтахт, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа, таъсиси муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, дар меҳвари диққат қарор доштани донишомӯзии насли наврас ба таҳкими илму дониш нерӯи тоза ва такони ҷиддие бахшида, баҳри расидан ба ҳадафҳои нақшавӣ заминаи мусоиде фароҳам овардааст.
Дар ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои назди сарраёсат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар комрандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади рушди бонизоми соҳаи маориф соли 2022 аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 572 миллион 468 ҳазору 842 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки рушди устувори соҳаро таъмин намуд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 28 миллиону 978 ҳазор зиёд мебошад. Пеш аз ҳама музди меҳнати омӯзгорон, мураббиён ва кормандони соҳа пурра пардохт гардида, қарздории музди меҳнат мавҷуд нест. Айни замон дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо теъдоди 31469 нафар тарбиягиранда фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 96 ададаш буҷетӣ, 12 адад тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 53 адади дигараш хусусӣ ба ҳисоб мераванд.
Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе аз шумораи 95 ҷойи ифтихорӣ 33 ҷойро ба даст оварда, соҳиби ҷойи аввал гаштанд. Аз шумораи 33 ҷойи ишғолнамуда 12 ҷойро хонандагон ба дастоварданд, ки нисбат соли қаблӣ 5 нафар зиёд аст. Соли 2022 дар олимпиадаҳои фаннии хонандагон дар 6 марҳила, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннии номӣ, даставӣ барои синфҳои 9-10, барои наврасони синфҳои 5-6 ва синфҳои 7-8, Олимпиадаи “Speeling Bee” ва Шоҳмот баргузор карда шуданд, ки дар натиҷа дастаи шаҳри Душанбе дар чор Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ сазовори 1087 ҷойи ифтихорӣ гардид, ки дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ сазовори мақоми аввал гардид, ки аз ин шумора 222 медали тилло, 328 медали нуқра, 535 медали биринҷиро ташкил медиҳад.
Имрӯзҳо хонандагони пойтахт бо хонандагони бештар аз 90 кишвари дунё қувваозмоӣ карда, ба пирӯзиҳои назаррас соҳиб гашта истодаанд. Аз ҷумла, хонандагони пойтахт дорои 248 медал аз олимпиадаҳои байналмилалӣ буда, 647 медали дигарро дар олимпиадаҳои байналмилалӣ (фосилавӣ) ба даст овардаанд.
Нақши муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ барои баланд бардоштани шавқу завқи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ, шиносоии бештари хонандагон бо кашфиёти нави илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор намудани шавқу завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби фанҳои дақиқ зиёд мебошад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ