image

Машварати январии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур

date_range07.01.2023, 14:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye259

Машварати январии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур имрӯз дар Кӯдакистони рақами 30-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт идома намуд, ки дар он мудирони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, сармураббиён ва мураббиёни кӯдакистонҳои ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд.

Мудирони кӯдакистонҳои ноҳияи Шоҳмансур оид ба усулҳои гуногуни таълиму тарбия ба кӯдакон ва гузаронидани машғулиятҳои диққатҷалбкунанда миёни кӯдакон маъруза намуданд.

Баргузории чунин машваратҳо миёни кормандони соҳаи маориф вобаста ба такмил додани донишу маҳорати сармураббиёну мураббиён ва мудирони кӯдакистонҳои ноҳияи Шоҳмансур заминаи мусоид фароҳам намуда, ба ин восита мудирон аз таҷрибаи якдигар бохабар мешаванд.

Дар машварати январии кормандони соҳаи маориф таҷрибаи ҳамдигарӣ омӯхта шуда, мудирону сармураббиён ва мурабиёни кӯдакистонҳо вобаста ба тарзу усулҳои гуногуни гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ миёни тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо байни ҳам табодули таҷриба менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маориф дар ноҳияҳои пойтахт ҳамасола дар моҳҳои январ ва август миёни кормандони соҳа баргузор карда мешавад ва дар он дар баробари директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна мудирон ва мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ низ ширкат менамоянд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"