image

МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат вохӯрӣ доир намуд

date_range10.01.2023, 14:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye210

Дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти ноҳия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи вохӯрии мазкур Раиси ноҳияи Фирдавсӣ сухан карда қайд намуданд, ки Паёми Пешвои миллат ҳадафҳои воқеии иҷтимоӣ, вазифаҳои нави стратегӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фаро гирифта, барои ноил шудан ва татбиқи онҳо аз масъулин кори касбӣ ва масъулиятнокро тақозо мекунад.

Инчунин қайд намуданд, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Пешвои миллат иброз намуданд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Сарвари давлат ба дастгирии иҷтимоӣ шаҳрвандони эҳтиёҷманд таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар Паёми худ зикр намуданд, ки то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кӯмаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шавад.

Инчунин, дигар иштирокдорон низ дар идомаи мулоқот ба сухан баромада роҷеъ ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, соҳаи маориф, зан ва ҷомеа, аз ҷумла оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳифзи оромӣ ва осудагии кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва дигар паҳлуҳои Паём сухан гуфтанд.

Дар идома ҳозирин доир ба масъалаҳои, ба роҳ мондани робитаи зичи волидайн бо омӯзгорон дар раванди таълиму тадрис, истифодаи мақсадноки шабакаҳои интернетӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъват ва ихтиёран сафарбаркунии онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мусоидат дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила муаррифии кишвар ба оламиён, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон дар ҷомеа, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти Тоҷикистон дар ҳалли масоили обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, инчунин мусоидат дар рушди соҳаи саноати мамлакат ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳсозии шароити зисти аҳолӣ суҳбатҳои самимиву судманд анҷом доданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"