Дар назди Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, озмоишгоҳи байналмилалӣ оид ба омӯзиши изотопҳо дар пиряхҳо ва қабати ях ба фаъолият оғоз намуд
Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 - ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо дар назди Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи байналмилалӣ оид ба омӯзиши изотопҳо дар пиряхҳо ва қабати ях ба фаъолият шуруъ намуд, ки таҷҳизоти лабараторӣ аз ҷониби Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ дастрас гардидааст.
Бояд гуфт, ки озмоишгоҳи мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳо ифтитоҳ гардида, дар доираи ҳамкориҳои судманд таҷҳизоти лазерии “Пикаро” дар озмоишгоҳ насб гардид. Дастгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки омӯзиши изотопии пиряхҳо ва қабати барф минбаъд бо тарзҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шавад.
Гуфта шуд, ки мутахассисони маркази озмоишӣ ҷиҳати азхуд кардани тарзҳои таҳқиқоти изотопии пиряхҳо муддати як моҳ дар давлати Австрия таҷриба омӯхтанд.
Бояд гуфт, ки чунин озмоишгоҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ ниҳоят кам буда, ба роҳ мондани он дар маркази омӯзиши пиряхҳо як навъ навоварӣ ва инчунин тарзҳои нави ба роҳ мондани таҳқиқоти пиряхҳо ба шумор меравад.
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ