image

Мулоқоти роҳбарияти МИҲД шаҳри Душанбе бо сокинони шаҳракҳои 53, 54, Политехникум ва маҳаллаи Фурӯзони ноҳияи Сино

date_range27.01.2023, 12:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye262

Бо мақсади мусоидат дар рушди ҷомеа, вусъати корҳои созандагӣ ва фароҳам намудани шароит ҷиҳати саҳмгузории кормандони касбу кори гуногун ва сокинони ш.Душанбе дар амалӣ гардидани ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии ҶТ иброз гардидааст, ин навбат мулоқоту воҳӯриҳои роҳбарияти Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ш.Душанбе бо сокинони шаҳракҳои 53, 54, Политехникум ва маҳаллаи Фурӯзони ноҳияи Сино доир гардид.

Зимни баромади аъзои гурӯҳи корӣ бо ишора ба паём зикр гардид, ки “Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд. Дар ин замина, соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад. Бо ин мақсад, такроран таъкид менамоям, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.

Ҳамзамон дар идомаи мулоқот дигар самтҳои дар Паём зиркшуда низ баррасӣ шуда. Аз ҷумла аъзои дигари гурӯҳи корӣ зимни баромади худ таъкид намуданд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади татбиқи ҳадафу афзалиятҳои рушд бояд раванди банақшагирии стратегиро дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ пурра ҷорӣ карда, барои иҷрои нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ пешбинишуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд”.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"