image

Мулоқоти намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи ҷавонон ва варзиш

date_range27.01.2023, 14:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye285

Дар доираи нақша чорабиниҳои Мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқотхои масъулин бо кормандони касбу кори гуногун ва сокинони маҳаллаҳои пойтахт ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ идома доранд.

Вохӯрии навбатии гуруҳи кории МИҲД ш.Душанбе бо намояндагону кормандони Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе ва фаъолҷавонону варзишгарони ҳудуди пойтахт доир гардид.

Мулоқоти мазкур, дар толори МТМУ №102-и н.Шоҳмансур баргузор шуд. Дар вохӯрӣ аъзои гуруҳи корӣ иборат аз намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии пойтахт ва дигар сохторҳои шаҳрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромади худ масъулин иброз доштанд, ки Пешвои миллат варзишро ҷузъи таркибии фарҳанг меноманд ва бесабаб дар Паёми имсолаи хеш таъкид намуд, ки - «Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои фаъолияти худ тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ҳамчун яке аз воситаҳои асосии инкишофи ҷисмонию маънавӣ, ватандӯстию интернатсионалӣ, омодасозии мардум ба меҳнату мудофиаи Ватан ҳисобида, барои пешрафти он чораҳои заруриро меандешад.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"