image

Вохӯрии гурӯҳи таблиғотии намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе бо фаъолон ва сокинони маҳаллаи Ҳалқаҷари ноҳияи Шоҳмансур

date_range27.01.2023, 14:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye209

Паём-дастур барои рушди ҷомеа. Ин маънӣ дар мулоқоти аъзои гурӯҳи таблиғотии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолон ва сокинони маҳаллаи Ҳалқаҷари ноҳияи Шоҳмансур тавзеҳ карда шуд. Ширкатдорон дар оғози мулоқот нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, таъкид намуданд, ки шарҳу тавзеҳи ин санади раҳнамо дар дигар маҳаллаҳои ноҳия идома дода мешавад.

Зикр рафт, ки «бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 киллометр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст». Илова бар ин таъкид шуд, ки дар шаҳри Душанбе низ давоми солҳои охир масоҳати зиёди роҳҳо таъмир ва азнавсозӣ гардидаанд ва ин раванд дар шаҳраку маҳаллаҳои ба тозагӣ воридшуда низ идома дорад.

Раҳими Карим
ТВ Душанбе