image

Фаъолияти Маркази ҳунармандии назди Китобхонаи миллӣ

date_range31.01.2023, 10:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye299

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромузии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025” таҳяи гардидааст, ки дар доираи амалигардии барномаи мазкур имрӯзҳо дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат ва ҳамчунин назди ташкилоту муассисаҳо марказҳои ҳунармандӣ фаъолият густурда доранд.

Маркази ҳунармандии назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз зумраи чунин марказҳое мебошад, ки ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо дар он омӯзиши ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, кашидадӯзӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази ҳунармандӣ дар ҳамкорӣ бо шӯрои кор бо занони китобхона курсҳои омӯзиширо ба роҳ монда, дар доираи ин давраҳои омӯзишӣ кормандонзанони китобхона метавонанд дар вақтҳои холигӣ ба аз худ намуадни ҳунарҳои мардумӣ машғул шуда, дар баробари китобдорӣ аз ҳунари қадимаи миллати тоҷик бархуродор гарданд.

Роҳбарии маркази ҳунармандиро узви иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон – Наимаҷон Бобоева бар ӯҳда дошта, имрӯз сайъу талош меварзад то ҳунари гулдӯзию кашидадӯзӣ ва амсоли инҳоро ба бонувон омӯзонад ва дар рушди ҳунарҳои мардуми саҳмгузор бошад.

Маҳсули дасти ин ҳунарманд муаррифагри ҳунарҳои куҳани миллати соҳибфарҳанги мо дар дохил ва хориҷ аз мамлакат буда, дар чандин намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ дар давлатҳои Узбекистон, Ҳиндустон Эрон иштирок намуда, сазовори диплому ҷоизаҳо гардидаст. Ҳамчунин ин зани ҳунарманд дорандаи гранти Президентӣ дар соли 2016 буда, дар соли 2021 аз рӯи номинатсияи “Дизайни либос” дар фестивали ҷумҳуриявии “Атласу адрас” сазовори ҷои дуюм гардидаст.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз Маркази ҳунармандӣ дорои шаоити хуби корӣ буда, бо дастгоҳу лавозимот барои духтану офардидани ҳунраҳои гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ ва амсоли инҳо муҷаҳҳаз мебошад. Бояд гуфт, ки ҳар сайёҳе, ки ба китобхона ташриф меоварад аз Маркази ҳунармандӣ боздид намуда, бо ҳунарҳои волои миллати куҳанбунёди мо шинос гардида, ҳатман бо худ армуғоне мебарад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"