image

Фаъолияти китобхонаи идоравӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ

date_range02.02.2023, 15:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye268

Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сокинон ва кормандони касбу кори гуногун ба китобхонӣ ва фароҳам намудани шароит барои дастрасӣ пайдо намудан ба адабиёти гуногун ташкили китобхонаҳои дохилиидоравӣ дар шаҳр роҳандозӣ шудааст.

Дар ин замина бо дастгирии роҳбарияти ноҳия дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамчунин махзани илму маърифат ташкил шуд. Масъулини сохтору мақомоти марбутаи ноҳиявӣ фаъолияти ин китобхонао беҳтар намудаанд ва ҳоло ҳамарӯза дар он хонишҳои гуногун ташкил гардида, раванди омодагии довталаабон ба озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баррасӣ мегардад.

Ҷойи таъкид аст, ки дар баробари он ки воситаҳои электронии ахбор, аз ҷумла шабакаи ҷаҳонии интернет барои пайдо намудани маълумот ва дастрас намудани он торафт имкониятҳои васеъро барои муштариён фароҳам намуда истодааст, вале соҳибназарон бар онанд, ки мавқеи китобу адабиёти чопӣ ҳамоно барои соҳибмаърифат намудани ҷавонон нақши муассир доштааст. Ҳамин аст, ки бо шароити созгор дар ноҳияи Фирдавсӣ барои кормандони сохтору мақомоти ноҳиявӣ ин китобхона ташкил шудааст.

Баҳри баланд бардоштани маърифати хонандагон ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани донишазхудкунии наврасону ҷавонони пойтахт дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе китобхонаҳои зиёди оммавию оилавӣ ва дохилимуассисавӣ фаъолият мекунанд, ки барои бароварда намудани ниёзи хонандагон бо адабиёти гуногун муосидати фаъол менамояд. Дӯсторони адабиёт бо ҳузур пайдо намудани ба ин муассисаҳои фарҳангӣ адабиёти дилҳохро пайдо намуда, мутолиа менамоянд. Акнун чунин шароити созгор дар китобхонаи худи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҳам фароҳам шуд.

Масъулини сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ бо иштироки довталабону ширкатдорони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар ин китобхона ҳамоишҳои гуногунро баргузор менамоянд, ки дар он бештар масъалаҳои китобу китобхонӣ ва фаъолияти китобхонаҳои ноҳия баррасӣ шуда, ширкатдорон ба хонандагон тавсияҳои муфид медиҳанд. Оянда шумораи китобҳои ин маъзани маърифат зиёд карда мешавад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"