Соли 2022 ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон 1191 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст
Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби кормандони Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади мусоидат дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон лоиҳаи 50 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, хулосаҳо пешниҳод гардидаанд.
Ба иттилои масъулони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз муроҷиатҳои воридгардида дар соли 2022 ба ин мақомот 362 муроҷиат хаттӣ, 825 шифоҳӣ, 1 адад электронӣ ва 3 муроҷиатро телефонӣ дар бар мегирад.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз маҷмӯи муроҷиатҳои воридгардида 518 адади он дар Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон дар ин давра дар намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуки иснон 673 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки 122 адади он хаттӣ ва 551 муроҷиатро шифоҳӣ дар бар мегирад. Аксари муроҷиатҳои хаттии воридгардида дар соли 2022 ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба ҳуқуқ ба манзил буда, ҳамзамон 19 муроҷиатро ба ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ташкил додааст.
Кормандони Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ин давра лоиҳаи 50 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳо пешниҳод намудаанд. Зимни натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2022 ҳамзамон гуфта шуд, ки тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шаҳрвандон, нақшаи кори гурӯҳи мониторингӣ ва супоришҳои ин мақомот аз ҷониби роҳбарият ва кормандон 16 мониторинг, 46 санҷиш ва 12 боздид гузаронида шудааст.
Ҳамзамон кормандони мақомот дар ин давра дар 9 мурофиаи судӣ иштирок намудаанд. Дар маҷмӯъ соли 2022 барои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бобарор арзёбӣ гардида, дар ин давра кормандон дар дигар самтҳои фаъолият ҳам ба дастовардҳо ноил гардидаанд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ