image

Ҷаласаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг баргузор гардид

date_range03.02.2023, 14:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye296

Дар маҷлиси 4-уми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон кормандони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи соҳаҳои болозикр иштирок доштанд.

Сараввал ҳисоботи раиси кумита дар бораи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23-декабри соли 2022 Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳои навбати барои соли 2023 шунида шуд.

Ҳамчунин гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва қабул ва тасдиқ намудани Низомнома “Дар бораи тартиби гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботи мақомоти роҳбарикунандаи иттифоқи касабаи соҳа” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар замони истиқлоли давлатӣ Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон роҳи самарабахшро тай намуда, на танҳо ягонагии сафҳои худро нигоҳ дошт, балки ба қувваи амалкунандае табдил ёфт, ки фаъолияти худро барои беҳтар намудани шароити меҳнат ва зиндагии аъзои иттифоқҳои касаба равона намудааст. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар кишвар як силсила ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд. Иттифоқҳои касаба ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ ва ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд.

Дар интиҳо қарорҳои мушаххас қабул гардида, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда гузошта шуданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"