image

Омодагиҳо ба даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ДМТ

date_range03.02.2023, 14:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye256

  Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023 ҳамакнун барои маротибаи 5-ум баргузор мегардад.

Соли равон ин озмун аз рӯи 6 номинатсия сурат гирифта, вобаста ба тағйироту навгониҳо дар Низомномаи он маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд карда шуда, дар маҷмӯъ се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва донишҷӯёну омӯзгорон вобаста ба омодагиҳо ба ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз хотирмонтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ дар солҳои 2019 - 2022 маҳсуб ёфта, дар ин давра ҳаводорони зиёд пайдо намуд ва ба мактаби хештаншиносию худогоҳии ҷомеа табдил ёфт.

Ҳамасола дар ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ шумораи зиёди донишҷӯёну омӯзгорон ва аспирантону доктарантони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуда, донишу малака ва маҳорати худро мавриди озмоиш қарор медиҳанд. Бино ба таъкиди Қобилҷон Хушвахтзода – ректори ин муассисаи таҳсилоти олии мамлакат дар чор соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳайати олимпиадачиёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар он фаъолона иштирок намуда, соҳиби 30-ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.

Таъкид гардид, ки соли равон низ омодагиҳо ба ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ хуб ҷараён дорад ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои пурра омода шудани хоҳишмандони иштирок дар он муҳайё мебошад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"