image

Фаъолияти Маркази миллии қонунгузорӣ дар соли 2022 зимни нишасти хабарӣ натиҷагирӣ карда шуд

date_range03.02.2023, 15:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye237

 Бо баргузории нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони ВАО аз раванди фаъолияти ин марказ дар соли 2022 натиҷагирӣ карда шуд.

Тавре гуфта шуд, аз ҷониби ин ниҳод корҳои судбахш ва муҳим амалӣ гардид, ки пеш аз ҳама ин таҳияи Консепсия такмили Қонуни ҶТ «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ» ва «Консепсияи лоиҳаи Кодекси бонкии ҶТ» ба ҳисоб меравад.

Ба 16 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди таҳия ва вобаста ба 12 адад санадҳо 144 таклиф пешниҳод шуданд. Дар умум 135 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба лоиҳаи қонунҳои намунавӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуданд.

Ҳамин тариқ арз шуд, ки маркази милли қонунгузорӣ дар соли 2022 дар дигар самтҳои қонунгузорӣ фаъолияти самарбахш дошта барои пешбурди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба анҷом додани корҳои илми тадқиқотӣ муқоисавӣ, қонунҳои манфиатбаш чораҳои заруриро ба роҳ мемонад.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"