image

БЕҲТАРИНҲО ДАР СОЛИ 2022 ДАР СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

date_range03.02.2023, 20:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye291

ш.Душанбе. 03.02.2023. Имрӯз дар бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои пойтахт, масъулини шаҳриву ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ҳифзу ҳуқуқу тартибот, фарҳангу тандурустии Душанбе, роҳбарони муассисаҳои оливу касбии таълимӣ, гирандаи стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 чорабинии тантанавӣ доир гардид.

   Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сухани ифтитоҳии сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варБоиси ифтихор аст, ки мањз дар заминаи њидоятњои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ва ташаббусњои наљибу пайваста ва дурбинонаи Раиси шањрамон муњтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳими стратегии кишвар ва пойтахти он табдил ёфта, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба қишри ҷавони ҷомеа дар марҳилаи бунёди давлати навини тоҷикон ҳамчун созандагони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷӯҳ ва боварӣ карда мешавад.

   Ин эътимоду боварӣ ва самимияти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз самари дилхоҳро ба бор оварда, ҷавононро барои расидан ба қуллаи муроду мақсадҳои дар замирашон буда, роҳнамоӣ месозад. 

   Дар идома барои ҳамкориву дастгирихои судманд як қатор ташкилоту муассисаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ, инчунин роҳбарияти муассисаҳои оливу касбии таълимӣ барои амали намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи варзиш бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

   Дар идомаи чорабини Маликшо Неъматов раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз бовариву эътимоди Пешвои муназзами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати наврасону ҷавонон андешаронӣ намуд.

   Илова ба ин, барои фаъолияти пурсамар бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд

   Дар идома ғолибони озмунҳо барои фаъолияти пурсамар эҷодӣдар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рўзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ” бо диплом ва сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

   Ҳамзамон беҳтари кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе мутахассисони пешбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳмадулло Кароматулло ва Ғаффорзода Юсуф муайян гардиданд.

   Дар самти варзиш озмунҳои Муассисаи беҳтарин дар соли 2022 Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ”-и шаҳри Душанбе.

2. Мураббии беҳтарин дар соли 2022 Собиров Фарухруз Одинахонович

3. Варзишгари беҳтарин дар соли 2022 Эмомалии Нуралӣ

4. Клуби беҳтарин дар соли 2022 Клуби варзишии “Парвиз Собиров”

5. Федератсияи беҳтарин дар соли 2022 Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

6. Наворбардори беҳтарин дар соли 2022 Назаров Темур

7. Рузноманигори беҳтарин дар соли 2022 Нозимзода Фаррухҷон

8.Шореҳи беҳтарин Каримхон Бегматов

9. Футболбози беҳтарин дар соли 2022 Раҷабов Шерзод

10. Беҳтарин мураббии футбол дар соли 2022 Тағоев Алишер

11. Беҳтарин довар оид ба футбол дар соли 2022 Шарипов Қурбонмурод

12. Беҳтарин васоити ахбори омма дар самти варзиш дар соли 2022 “ТВ Варзиш” 

13. Беҳтарин васоити ахбори омма дар самти варзиш дар соли 2022 “ТВ Душанбе" ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуданд,  

Чорабинӣ бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ ба анҷом расид.