image

Фаъолияти китобхонаи муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол»

date_range06.02.2023, 12:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye304

Дар баробари дигар корхонаву ташкилоти шаҳрӣ дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи “Истиқлол” ҳам китобхонаи дохилиидоравӣ ташкил шудааст. Китобхона дар заминаи дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти шаҳр ташкил шуда, дар он шароити созгор барои кормандон фароҳам мебошад.

Тавре иттило дода шуд, ҳоло дар ин китобхона 4 500 нуса китобҳои гуногун нигоҳ дошта мешавад, ки аз онҳо ҳамарӯза кормандон ба таври васеъ истифода менамоянд.

Ҷойи таъкид аст, ки ба фонди ин китобхона аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як зумра китобҳои тозанашр ва нодир тақдим шудааст, ки ин амал барои ғанӣ гардидан хазинаи ин махзани маърифат замина гузоштааст.

Ҳамзамон китобхонаи дохилиидоравӣ дорои 10 ҳазор нусха китобҳои электронӣ мебошад, ки аз онҳо кормандон тавассути компютерҳои мавҷуда мстифода менамоянд. Илова бар ин компютерҳои китобхона ба махзани китобхонаи электронии Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайваст мебошад, ки кормандон метавоанд дилхоҳ асарро мутолеа намоянд. Кормандони Маҷмааи “Истиқлол” аз роҳандозии чунин тадбир хуш буда, вақтҳои холигии худро бо хондани асарҳои бадеиву соҳавӣ сипарӣ менамоянд.

Ҳамзамон барои хондани китоб дар инҷо барои кормандон вақти муайян ҷудо шудааст. Ин лаҳзаҳо аз соати китобхонии кормандони Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» наворбардорӣ шудааст. Тавре иттило дод шуд, ҳафтае 3 маротиба соати китобхонӣ барои кормандони муассиса муайян шудааст, ки он ба соатҳои берун аз вақти корӣ рост меояд.

Гуфа шуд, ки ҳамзамон имкон аст, ки кормандон дар ин китобхона ба озмунҳои ҷумҳурияии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурӯғи маърифат» омода шаванд. Зеро дастрасӣ ба адабиёти гуногун дар ин ҷо фароҳам аст.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"