image

«Мавқеи занону бонувон дар меҳвари Паёми Пешвои миллат» таҳти чунин унвон ҷамъомади фаъолзанони ҳизбиён баргузор гардид

date_range06.02.2023, 12:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye232

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ин навбат дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бонувон ва фаъолзанони ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Мавқеи занону бонувон дар меҳвари Паёми Пешвои миллат” баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти Шӯрои собиқадорони Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳои пойтахт, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, бонувон ва аъзои фаъоли вазорату идораҳо ва кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок ва суанронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҷамъомади навбати масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сухан карда қайд намуданд, ки ҳамоиши мазкур вобаста ба баррасӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат буда, ҳамзамон фарогири масоили Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» мебошад.

Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада иброз доштанд, ки Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ба ҳайси сарвари давлат нисбати занону бонувон ва фаълияти онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодию ва иҷтимою фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи махсус дошта, нақш ва ҷойгоҳи занонро дар эъмори давлатдорӣ баланд арзёбӣ мекунанд ва дар ҳама ҷамъомаду баромадҳояшон вобаста ба занон ва фаъолияти онҳо суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"