image

Ҳамоиши маҳфили “Ҳуқуқшиносони ҷавон” бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт

date_range06.02.2023, 12:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye220

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори маҳфили доимоамалкунандаи “Ҳуқуқшиносони ҷавон”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар он роҳбарияти кумита, намояндагони Академияи миллии илмҳори Тоҷикистон, Академияи милитсияи Вазоарти корҳои дохилӣ ва дигар фаъолҷавонон ширкат варзиданд.

Зимни ҳамоиши навбатии маҳфили доимоамалкунандаи «Ҳуқуқшиносони ҷавон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъсулин дар сухнаронии худ қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои муассир андешида шуданд. Сиёсати созанда ва дурандешонаи Сарвари давлат ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардонидани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии ҷавонон падидаи бесобиқа аст.

Гуфта шуд, ки бо назардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 23 — юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳамзамон, бо иқдоми Сарвари давлат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид, ки ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид.

Намояндаи Академим миллии илмҳои Тоҷикистон низ аз ҷумла иброз дошт, ки таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани роҳбарияти олии кишвар ба масоили марбут ба сиёсати ҷавонон ҳар як фарди бонангу номуси миллатро водор месозад, ки дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон, рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, арзишу муқаддасоти миллӣ ва пойдории сулҳу субот тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии худро равона созад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"