Тақвияти маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур
Дар маҳаллаи Улуғбек бо ҷалби ҷавонони фаъол ва дигар сокинон зиёда аз 78 адад ниҳолону дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонда шуда, дар ин баробар 63 адад ниҳолони мевадиҳанда ва 127 адад қаламчаи гули садбарг шинонида шуд.
Бояд қайд кард, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдоми мазкурро саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахти мамлакат арзёбӣ намуда, онро барои насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодӣ маънидод карданд. Ин аст, ки ҳоло аксар сокинони пойтахт бо нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдоми роҳбарони шаҳри Душанбе дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо ба шинондани дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шурӯъ намудаанд.
Дар маҳаллаи Гостеллои ноҳияи Шоҳмансур низ тадбири ободонӣ-шанбегӣ доир гардид, ки дар он сокинон фаъолона иштирок намуданд. Бино ба иттилои намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зиёда аз 4 ҳазору 180 бех ниҳолону дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шудааст. Ин тадбири ободонӣ минбаъд низ идома намуда, дар ҷараёни он ҷавонон ва нафарони рузгордида баҳри сарсабзии муҳити атроф саҳм хоҳанд гузошт.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ