image

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот соли 2023-ро бо як нишондодҳои чашмрас ҷамъбаст намуд

date_range06.02.2023, 14:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye303

Дар ин давра даромади умумии аз натиҷаи фаъолияти бадастомада ба беш аз 97 миллион сомонӣ расонида шуд.

Мутобиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар арафаи хамаи ҷашну чорабиниҳо, аз ҷумла ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ, моҳи шарифи Рамазон, иди Қурбон, рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли нави мелодӣ ва дигар ҷашнҳо ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро баргузор намуд, ки ин ба ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ бо молу маҳсулот ва танзими нарх дар бозорҳои шаҳри Душанбе мусоидати фаъол намуд.

Дар ин давра аз ҷониби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соли 2023 дар назди бозорҳои комуналии пойтахт аз қабили бозори «Меҳргон», «Саховат» ва буриши кӯчаи Ҳусейнзода-36 ярмаркаҳои доимамалкунандаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда буданд, ки ин барои ғани гардонидани сабати истеъмолии сокинон замина гузошт.

Гуфтан ба маврид аст, ки кормандони Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри тадбиқи вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар аз 23-юми декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҶТ” зикр гардиданд, саъю талош менамоянд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нақшаҳои буҷети қабулгардида ва вазифаҳои оиномавӣ ва низомномавиро бо муваффақият иҷро намоянд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"