image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи “Амонатбонк” бо ширкати рӯзноманигорон

date_range06.02.2023, 15:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye316

Зимни нишасти матбуотии “Амонатбонк” роҳбари ин ниҳод Икромӣ Сироҷиддин Салом зикр намуд, ки гардиши умумии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар дохили ҷумҳурӣ 196 млрд. сомонӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ тавассути ҳисобҳои корреспондентӣ бо ифодаи умумӣ 3,3 млрд. долларо ташкил медиҳад. Гардишҳо тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ 13,3 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2021 25,4% зиёд мебошад. Филиалҳои Бонк зиёда аз 2,5 млрд. сомонӣ маблағҳои коммуналиро аз аҳолӣ қабул намуданд, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 89 млн. сомонӣ ва ё ба андозаи 3,7% зиёд мебошад.

Ба таъкиди номбурда бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 4,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 51,8% афзоиш ёфтааст. Пасандозҳои аҳолӣ зиёда аз 2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2021 24,1% афзоиш ёфтааст. Фоизҳои ба аҳолӣ пардохтнамудаи Бонк дар соли ҳисоботӣ 73 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии онҳо мусоидат намуда истодааст.

Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба 46 ҳазор муштарӣ наздики якуним миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба давраи гузаштаи ҳисоботӣ 102,4 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Дар идома роҳбарияти бонк афзуд, ки бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи Ҳукумати электронӣ, гузаронидани маблағҳои музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар ба кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби худи ташкилоту муассисаҳо тавассути низоми “Интернетбонк” имконият дода шуд.

Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 550 ҳазор нафар расидааст. Теъдоди банкоматҳои насбшуда дар Бонк ба 327 адад ва постерминалҳо ба 1 401 адад расонида шудааст.

Барномаи мобилии Бонк (“Амонат-мобайл”), ки барои пардохти маблағҳои коммуналӣ, андоз, таҳсил, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ аз як корт ба корти дигар ва дигар амалиётҳои бонкӣ имкон медиҳад, дар тарҳи нав бо дарназардошти талаботҳои имрӯзаи бозори хизматрасониҳои бонкӣ мавриди истифода қарор дорад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"