image

Маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

date_range07.02.2023, 09:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye262

6 феврали соли 2023 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори "HYATT REGENCY" маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022 аз рӯйи 10 номинатсия ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2022 баргузор гардад.

Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон, ки дар фазои идона доир гашт, муовини Сарвазири малакат Матлубахон Сатториён, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоянадгони вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои гуногуни давлатӣ, кормандони соҳаи ҷавонони кишвар, донишҷӯён ва гирандагони Стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст, ки имсол аз миёни беш аз 40 нафар довталабон 12 нафар беҳтаринҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият муайян шуда, ин ҷоиза дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида шуд.

Соли 2022 аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз миёни 98 нафар довталабон 20 нафар беҳтаринҳо муайян ва ғолибон дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ мегарданд.

Инчунин дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон нафарони дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2022», «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Барандаи гранти ҳукуматӣ миёни ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватанпарастии ҷавонон дар соли 2022», «Беҳтарин волонтёри соли 2022», "Беҳтарин корофари ҷавон дар соли 2022", "Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2022", "Беҳтарин намояндаи маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар соли 2022", "Беҳтарин маҳфили доимоамалкунандаи назди ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат дар соли 2022" ва "Беҳтарин сохтор дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар соли 2022" қадрдонӣ гардиданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"