Озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» - имконият барои муаррифии донишу маҳорат
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» инак дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротиба 5-ум дар мамлакат баргузор мегардад, ки ба андешаи донишмандон ин тадбир дар самти кашфи истеъдодҳои нав дар ҷомеа мусоидати ҷиддӣ кардааст. Ин озмун дар давоми солҳои 2019 - 2022 ҳаводорони зиёд пайдо карда, ба мактаби хештаншиносӣ ва худогоҳии ҷомеа табдил ёфт ва субҳи доноиро ба вуҷуд овард, ки донишмандон онро "Инқилоби маънавӣ" унвон мекунанд.
Соли 2023 ба Низомномаи ин озмун як қатор тағйироту навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусиятҳои синнусолӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ доир мегардад. Дар номинатсияи эҷоди назму наср низ тағйирот ворид шуда, соли равон довталабони бахши эҷоди назм ва эҷоди наср дар алоҳидагӣ иштирок мекунанд.
Озмуни мазкур, ки майдони рақобати солими зеҳниро миёни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзгорон, ходимони муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра ба миён овард, ба гуфти коршиносон дар самти баланд бардоштани донишу малака ва сатҳи ҷаҳонбинии онҳо такони ҷиддӣ бахшидааст. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамзамон завқи китобхониро дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баланд бардошта, таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро ба китобу китобхона ва омӯзиши адабиёт бештар намудааст.
Соли 2023 ҳамзамон дар асоси Низомномаи озмун ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиёни озмун миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмӯъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.
Тарбияи насли ояндасози миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифу фарҳанг маҳсуб меёбад, ба таъкиди мутахассисон ин озмун тавонистааст, ки иқдоми муассир дар ин ҷода бошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамзамон ба фаъолияти китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат такони тоза бахшида, хазинаи онҳоро бо нашриёти навин ғанӣ гардонид. Инчунин ҳар корхонаву муассиса барои ташкили китобхонаи худ ва ғанӣ гардонидани он бо асарҳои тозанашр иқдом карданд, ки ин низ метавонад дар болоравии завқи дӯстдорони адабиёт ба хониш заминаи мусоид фароҳам оварад. Соли равон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат барои довталабони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ