image

500 нафар хонандагони шаҳрҳои Ваҳдату Роғун ва ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ ва Файзобод сазовори Стипендияи Президентӣ гардиданд

date_range07.02.2023, 16:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye213

Имрӯз дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти кумита, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ва Роғун ва хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ин шаҳру ноҳияҳо, ки бо дониши ва маҳорату малакаи худ сазовори унвони гирандаи Стипендияи Президентӣ гардидаанд, ҷамъомади тантанавӣ доир гашт, ки зимни он зиёда аз 500 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо Стипендияи Президентӣ сарфароз гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳавасмандгардонии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соли равон 3 000 нафар сазовори Стипендияи Президентӣ гардидаанд, ба ҳамаи онҳо марҳила ба марҳила идрорпулии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегардад.

Валиҷон Шарифзода

"ТВ Душанбе"