Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Ҳунари пайкарасозӣ» намоиш ифтитоҳ гардид
Ташкили намоишҳои ҳунарӣ мунтазам дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Дар намоиши навбатӣ, ки зери унвони «Ҳунари пайкарасозӣ» созмон дода шуд, роҳбарият ва кормандони осорхона, рассомон ва ҳаводорони аҳли ҳунар иштирок намуданд.
Зимни суханронии роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани намоиш инъикос намудани ҳунари пайкара ва нимпайкарасозӣ мебошад, ки ба воситаи ин навъи ҳунар ҳодисаҳои таърихӣ, кору пайкор, чеҳраҳои шинохта, орзую омол ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мардуми тоҷик инъикос ёфтаанд.
Дар намоиш зиёда аз 50 адад пайкара ва нимпайкараҳои офаридаҳои ҳунармандоне чун Ғаниев, Раҷабов, Яъқубов, Татаринова, Иванов, Ҳакимов, Ахунов, Закиров, Одинаев ва дигарон ба тамошо бароварда шуданд. Пайкара ва нимпайкараҳои дар намоиш пешниҳод гардида, фарогири мавзӯҳои гуногун, аз қабили дӯстӣ, ҷавонӣ, донишҷӯӣ ва илмомӯзӣ мебошанд. Инчунин асарҳои «Духтари мактабхон», «Суғдиён», «Муаллима», «Орзу», «Чӯпон», «Низомиёни савора», «Суруди кӯҳҳо», «Бинокорзан», «Шоир Басир Расо», ва «Боқи Раҳимзода» низ пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд. Муаллифон асарҳои хешро бо истифода аз гаҷ, саффол, чӯб, чӯян, санги хоро, навъҳои гуногуни гил ва дигар намуди сангу филиз офаридаанд.
Имрӯз дар фонди МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» зиёда аз 400 адад пайкара ва нимпайкараҳо ҷамъоварӣ ва ҳифз мегарданд, ки аз рӯзгори гузаштаи ниёгони тоҷикон қисса мекунанд. Намоиши «Пайкара ва нимпайкараҳо» аз фонди «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» то рӯзи 01 марти соли 2023 идома меёбад.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ