ДМТ: Баргузории маҳфили «Хирадманд» дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди адабиёт дар замони Истиқлолият»
Дар муассисаҳои олии таълимии мамлакат пайваста чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ташкил карда мешавад. Ин навбат дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи маҳфили доимоамалкунандаи «Хирадманд» бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди адабиёт дар замони Истиқлолият» ҳамоиш баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, маҳифили «Хирадманд» дар ДМТ доимӣ буда, он моҳе як маротиба бо ширкати олимону донишмандон ва шоирону нависандагон ташкил карда мешавад. Шумораи навбатии ин маҳфил бо ширкати адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода баргузор гардид.
Тавре таъкид рафт номбурда, мунаққид, адабиётшиноси варзида, узви ИН Тоҷикистон, корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С.Айнӣ буда, дар рушди адабиётшиносӣ, хоса самти матншиносӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Дар ҳамоиш зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки Аламхон Кӯчарзода муаллифи рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и С.Айнӣ, Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми Мирзо Турсунзода, «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик», «Нақди матни осори С.Айнӣ», «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С.Айнӣ», «Турсунзода: маҳорат ва садоқат», «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С.Айнӣ» ва зиёда аз сесад мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.
Дар идомаи маҳфили «Хирадманд» ҳамзамон аз ҷониби олимони самти суханшиносии мамлакат масъалаҳои рушди адабиёт дар замони Истиқлолият мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки бо таваҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар бахшҳо,соҳаи адабиёт низ рушд намуда, асарҳои зиёди назмиву насрӣ рӯйи чоп омадаанд, ки барои баланд бардоштани худшисноии ҷавонон ва муаррифии шоис таи алабиёти тоҷик замина гузоштаанд.
Тавре ишора шшуд, меҳмони навбатии маҳфил дар самти матншиносӣ мавқеи шоистифро дар илми адабиётшиносӣ соҳиб аст. Таҳия ва нашри матни илмии интиқодии қиссаҳои «Одина», «Марги судхӯр»-и устод С.Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия», «Маърифати нафс» ва «Дарвешия»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳам аз ҷумлаи корҳои мондагони номбурда аст.
Дар идомаи маҳфил азҷониби ҳунармандони ансамбли халқии “Наврӯз”-и ДМТ суруду атронаи ватандӯстона пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд, ки онҳо аз ҷониби шоирони тавонои мо дар солҳои сохибистиқлолӣ таълиф шудаанд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ