image

Машварати омӯзишии мудирону мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд

date_range08.02.2023, 15:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye198

Сарраёсати маорифи пойтахт дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар баробари машғулиятҳои дигари таълимӣ бо ҷалби мудирону мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ машваратҳои омӯзиширо низ мунтазам ташкилу баргузор менамояд. Ин ҳафта машварат дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо фарогирии мудирон ва мураббияҳои боғчаҳои ҳудуди ноҳия дар муассисаи давлатии таълимии томактабии “Кӯдакистон №41”-и баргузор шуд.

Баррасии масъалаҳои таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо, фаъолияти равоншиносон дар боғчаҳо, гузаронидани машғулиятҳо бо усулҳои ҷолибу шавқовар барои кӯдакон аз ҷумлаи мавзӯҳои баррасишуда дар кори машварати омӯзишӣ буд. Илова бар ин намояндагони шуъбаву сохторҳои ноҳия ва мураббиёни фаъол дар ҳамоиш доир ба паҳлуҳои гуногуни зинаи таҳсилоти томактабӣ баромад намуданд ва он мавриди муҳокимаронии ширкатдорон қарор гирифт, ки ин тадбир барои беҳтар гардидани сифати таҳсилот дар ин муассисаҳо мусоидат менамояд.

Ҷойи таъкид аст, ки таҳсилоти томактабӣ дар низоми маорифи кишвар яке аз зинаҳои асосии таҳсилот дониста мешавад. Аз ин рӯ бештар таваҷҷуҳ ба ин самт равона карда мешавад, то ки равандаи омӯзишу тарбия дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардад. Ташкили чунин машғулиятҳо барои рушди бештари касбияти мураббиён, тақвияти маҳорати педагогии онҳо ва роҳандозии усулҳои муосири омӯзиш мусоидати фаъол менамояд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"