image

Мулоқоти намояндагони МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ дар МТМУ №40

date_range09.02.2023, 11:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye292

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ мулоқоти судманд бо иштироки сокинон ва волидони хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад. Тадбири навбатӣ дар толори МТМУ №40-и ноҳия гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими бахши иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ дар заминаи нақшачорабиниҳои мавҷуда мулоқоту вохӯриҳои гуногун ташкил карда мешавад. Дар тадбири навбатии маърифатӣ муовини расиси ноҳия, мудири бахши дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия, мудири бахши фарҳанги ноҳия вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, истифодаи дурусти инфрасохтори варзишӣ, вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, пешгирии оворагардӣ, риояи қонунҳои миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ ва дигар мавзуҳои рӯзмара суханронӣ карданд.

Ҷойи таъкид аст, ки тарбияи насли наврас танҳо вазифаи мактаб набуда, он бояд дар ҳамбастгии 3 ниҳоди иҷтимоӣ, яъне оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа амалӣ гардад. Аз ин рӯ бо ҳузури ширкатдорони ҳамоиш зикр рафт, ки бояд ҳамагон дар ин самт масъулияти бештарро эҳсос намоянд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"