image

Фаъолияти ярмаркаи доимамалкунандаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия аз ҷониби ҶСП «Бозори Меҳргон»

date_range09.02.2023, 13:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye234

Ярмарка фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар назди ҶСП «Бозори Меҳргон» чанд муддат аст, ки фаъолият намуда ҳамарӯза шумораи зиёди сокинони пойтахт аз он маҳсулоти ниёзи худро харидорӣ менамоянд. Дар ярмарка як киллограмм картошка 3 сомону 80 дирам то 5 сомонӣ, пиёз ва сабзӣ бо арзиши 3 сомонию 50 дирам фурӯхта мешаванд.

Бо мақсади таъмин намудани ярмарка бо маҳсулот, дар ҳамкорӣ бо Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза миқдори зарурии пиёзу картошка ва дигар маҳсулот ба ярмарка ворид карда мешавад.

Ҳамчунин дар назди Бозори Меҳргон нуқтаҳои фурӯши гӯшт бо нархҳои дастрас ташкил гардида, як килограм гӯшти гов 55 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Масъулини бозор мегӯянд, ки ҳамарӯза дар ин нуқтаи фурӯши гӯшт миқдори муайян гӯшт ворид гардида, дар сурати афзоиши ниёзи сокинон омодаанд воридоти гӯштро ба ярмарка бештар намоянд.

Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар назди Бозори Меҳргон дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати таъмин намудани сокинон бо маҳсулоти хушсифати ниёзи аввалия бо нархҳои дастрас роҳандозӣ гардидааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"