image

Гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ»

date_range09.02.2023, 13:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye483

Гӯштингирӣ яке аз қадимтарин намудҳои варзишии мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин варзиши бостонӣ ки реша дар таърихи мо дораду дар рагу пайванди ҳар сокини Тоҷикистон хуни паҳлавони ҷараён дорад дар солҳои баъд аз истиқлолият нуфузу эътибораш афзуд. Бахусус дар чанд соли ахир теъдоди мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар пойтахти азизи кишвармон баргузор мешаванд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳи давлату ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзиши бостони ва миллии мо хабар медиҳад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» аз нав эҳё шуд ва мунтазам рушд меёбанд. Ҳамзамон дар ин раванд бо таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд.

Таваҷҷуҳ ва иштироки бештари варзишгарони хориҷӣ дар ин чорабиниҳо гувоҳи возеҳи он буд, ки гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) тавонист қаламрави худро васеъ намояд ва мақоми байналмилалиро соҳиб шавад. Яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии пояҳои давлатдории миллӣ - ин эҳё ва рушди эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ мебошад. Зеро намудҳои миллии варзишӣ ҳамчун нишонаи соҳибфарҳангӣ барои миллати тоҷик рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошанд, ки ба таблиғи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона карда шудаанд. Ин аст, ки инак дар саҳифаи варзиши мамлакат боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди варзишӣ ба вуқӯъ пайваст. Гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин хусус санади дахлдор аз ҷониби Раёсати адлия ва корҳои дохилии кишвари Шветсария 17 июни соли 2022 ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.

Зимнан ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» давоми соли 2023 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё оид ба гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) бо иштироки варзишгарон аз хориҷи кишвар дар назар дошта шудааст. Ин метавонад дар рушди ҳамагонии ин намуди варзиш мусоидати фаъолтар намояд. Аз ҷумла дар соли 2022 чор мусобиқаи сатҳи байналмилаӣ доир гардида дар ин мусобиқаҳо варзишгарон аз кишварҳои гуногуни дунё иштирок доштанд.

Қобили зикр аст, дар мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз аз 31 давлати Осиёву Аврупо варзишгарон иштирок доштанд. Дар пайи чунин дастгириҳо ва таваҷҷуҳ буд, ки қонуну қоидаҳои гуштингирӣ муосир гардонида шуд ва ба чорчӯбаи махсус ворид гардид.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"