image

Муаррифии китоби «Эҷодиёти мусиқии маросими тоҷикон»-и Кароматулло Раҳимзода

date_range09.02.2023, 14:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye318

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Кароматулло Раҳимзода бо номи «Эҷодиёти мусиқии маросими тоҷикон» баргузор гардид. Дар чорабини намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, омӯзгорону професорони донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ таъкид карда шуд, ки фарҳанги мусиқии тоҷикон чун дигар анвои бадеию зебошиносии он таърихи бостонӣ ва мероси дороию саршор аз гуногунии жанрию шакли созию овозӣ рангомез ва ҳавзаҳои пажуҳишӣ усулан устувори миллӣ ва эҷодию иҷроист.

Ҳадафи рӯнамоии китоби мазкур бо такя ба гузориши ҷомеаи сарчашмаҳои хаттии ин қарнҳо равшан намудани ҷараёни вазъияти фарҳангӣ, мусиқии тоҷикон ва таъсиру бозтобии он дар фарҳанги мардумони ин минтақа аст.

Донишманди шинохтаи тоҷик бо такя ба маъхазҳои таърихӣ саъй намудааст, ки дар асар вазъи фарҳанги мусиқии тоҷикон ба таври барҷаста инъикос намояд. Аз китоби мазкур донишҷӯён метавонанд истифода намоянду аз чигунагии мусиқии халқии миллати тоҷик бохабар шаванд. Китоб бо забони тоҷикӣ мунташир гардида армуғонест барои фарҳангиён ва дӯстдорони мероси мусиқии тоҷикон.

Дар поёни маҳфил роҷеъ ба мавзӯи мусиқии маросимии кишвар суҳбатҳои ҷолибу хотирмон ва пешниҳодҳо иброз гардид. Ҳамчунин ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо иҷрои сурудҳои маросими тоҷикӣ табъи ҳозиринро шод гардониданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"