image

Ҳамоиши Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хизмати давлатӣ"-и ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

date_range09.02.2023, 15:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye241

Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ соли 2022 – ро бо дастовардҳои назаррас сипарӣ намуданд. Аъзоёни ташкилот масъулияте, ки оинномаи ҳизбӣ дар назди онҳо гузошта буд, бо мувафаққият анҷом доданд.

Паёми Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии мамалакат "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҶТ" ҳамчун дастурамали роҳнамо ва фаъолият барои хизматчиёни давлатӣ, таъкид гардид, дар оғози ҳамоиши Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хизмати давлатӣ"- и ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Иштирокчиёни ҳамоиш, аз ҷумла аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хизмати давлатӣ"-и назди Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ вобаста ба дастовардҳо дар соли 2022, ки дар заминаи татбиқи нишондодҳои ин ҳуҷҷати роҳнамунсоз ба амал омадааст, табодули афкор намуда, нақшаҳои ояндаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки дар соли сипаригардида иҷрои фаъолият дар доираи татбиқи нишондодҳои Паёми солонаи Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва талаботи Ойинномавии ҲХДТ бо роҳандозии нақша-чорабинии хоса ба роҳ монда шуд.

Дар ин давра бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳои давлатӣ дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизб як қатор чорабиниҳои илмию назариявӣ баргузор гардида, аъзои ҳизб дар ҳамоишҳои ҷашнӣ фаъолона иштирок намуданд.

Бо ибтикори Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хизмати давлатӣ" дар соли сипаригардида ба ифтихори санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла Истиқлолидяти давлатӣ, Рӯзи Конститутсия, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси 5-уми Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон гардидани соли 2025 чорабиниҳои гуногун ташкилу баргузор карда шуд.

Дар идома оид ба дигар дастовардҳо дар соли гузашта ва нақшаҳои оянда ибрози андеша карда шуда, як қатор аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хизмати давлатӣ" бо ифтихорномаю сипоснома ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"