image

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии истироҳативу фароғатии «Ҳамом 82» дар ноҳияи Сино

date_range10.02.2023, 10:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye378

9-уми феврал дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ва ҷонибдорӣ аз тадбирҳои хуррамгардонии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонӣ мавриди ифтитоҳ қарор гирифт.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино дар кӯчаи Шамсӣ Маркази хизматрасонии истироҳативу фароғатии «Ҳамом 82» мавиди ифтитоҳ қарор гирифт. Иншооти мазкур аз 4 ошёна иборат буда, сохтмони он соли 2020 оғоз гардида буд. Масоҳати умумии бино 2163 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Маркази хизматрасонӣ дар асоси имкониятҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи соҳибкорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ бунёд ёфта, ороиши намои берунии бино ба зебоии ин гушаи шаҳр ҳусни дигар зам намудааст. Бо назардошти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои муосир ба аҳолӣ дар ошёнаи аввали бино як толори умумии ҳамом барои мардон бо ҳавзи шиноварӣ ва утоқҳои буғӣ ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюми маркази хизматрасонӣ бошад утоқҳои муҷаҳҳаз бо тамоми шароит баҳри фармоиши хоссаи мизоҷон бунёд шудаааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"