Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов факултаи "Гӯштини миллӣ" фаъол карда мешавад
Айни ҳол дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов 5180 нафар донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ғоибона таҳсил доранд. Аз ин ҳисоб 156 нафар тибқи Квотаи президентӣ, 194 шаҳрвандони хориҷӣ ба илмомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Шодӣ Сафаров иттилоъ дода, перомуни нақшаву ниятҳои дар оянда амалишаванда ибрози андеша кард.
Ба ифтихори мақоми байналмилӣ гирифтани гӯштини миллии тоҷикӣ - тасмим аст, ки дар ояндаи наздик дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ки базаи асосии омодасозии мутахассисони ҳирфаии соҳаи варзиши мамлакат ба ҳисоб меравад, факултети гӯштингирӣ фаъол карда шавад. То ин замон дар ин муассиса кафедраи гӯштин амал мекард. Бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти масъала, диққати намояндагони васоити ахбори омма низ бештар ба масъалаи мақоми байнламилалӣ гирифтани гӯштингирӣ равона гардид.
Тазаккур дода шуд, ки ба хотири таъмини муассисаҳои соҳа бо адабиёт, феълан олимони донишкада дар самти таълифи китобҳо бештар талош доранд. Ҷалби духтарон барои таҳсил дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон низ аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ буд. Кормандони муассиса таҷрибаи барои таҳсил ҷалб кардани духтарон дар донишкадаро аллакай дар вилояти Хатлон амалӣ карданд.
Дар самти бунёдкориву созандагӣ иттилоъ дода шуд, ки факултаи гимнастика таҷдид гардида, инчунин синфхонаву толорҳои нав ба истифодабарӣ дода шуданд.
Дар соли ҳисоботӣ хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ ва донишҷӯёне, ки тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил краданд, бо роҳхати Вазорати маориф ва илм ба щуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бурда расонида шуданд ва бо ҷои кор таъмин гардиданд.
Ректори Донишада Шодӣ Сафаров зикр дошт, ки айни замон зиёда аз 400 нафар донишҷӯёни муассиса аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои гуногуни варзиш мебошанд. Танҳо дар соли 2022 зиёда 300 нафар донишҷӯён соли таҳсили 4-ум ва 5-ум, аз рӯи ихтисосҳои варзиши интихобшуда, меъёри дараҷаи 2-юми варзиширо иҷро намуданд, зикр гардид дар нишасти матбуотӣ.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ