image

Натиҷагирии фаъолияти МД "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар соли 2022

date_range10.02.2023, 12:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye261

 "Ҳоло ҳам дар раванди омода кардани кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ ҳолатҳои шитобкорӣ, саҳлангорӣ ва як навъ муносибати рӯякӣ нисбат ба онҳое, ки роҳи пурмашаққату заҳматталаби илмро интихоб кардаанд, ба назар мерасад.

Дар роҳи таъҷилан ва осон "олим" кардани шогирдон, мутаассифона, баъзе олимон ба сохтакориҳо низ даст мезананд. Роҳбарони илмӣ, экспертҳои дохилӣ, муқарризони расмӣ ва муассисаҳои пешбар баъзе дисертатсияҳоро ҷиддӣ таҳрир ва муҳокима намекунанд ва дар натиҷа, таҳқиқоти пурғалату камарзиш дар Шӯрои дисертатсионӣ ҳимоя мешаванд". Ин нуқта зимни нишасти хабарии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"