Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов дар соли 2022 маҷаллаи илмии «Мутриб»-ро аз чоп баровард
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки намояндагони Васоити ахбораи омма бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти соли-2022 нишасти матбуотӣ баргузор гадид.
Дар доираи натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи муассисаи таълимӣ Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Миралӣ Достизода изҳор намуд, ки таҳсил дар муассисаи таълимӣ аз рӯйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯён аз рӯйи 14 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Консерватория 335 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Аз ин шумора, 306 нафар бакалавр (192-нафар рӯзона-114 нафар-фосилавӣ) 24 нафар магистр ва 5-нафар доктор мебошанд. Қобили зикр аст, ки дар Консерватория 21 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил менамоянд. Бахши тарбия ва эҷоди Консерваторияи миллӣ самти асосии фаъолият муассиса ба ҳисоб рафта, дар соли сипригардида зиёда аз 50 чорабинии фарҳангиву тарбиявӣ баргузор карда шуданд. Дар соли 2022 дастоварди бузурги муассисаи таълимӣ таъсиси оркестри таълимӣ эстрадӣ ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки соли сипаригардида дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз миёни 32 нафар дастпарвари ин таълимгоҳ дар даври ниҳоӣ 3 нафар соҳиби Шоҳҷоиза шуда, 14 нафар ғолиби озмун ва 15 нафари дигар соҳиби диплом гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар соли сипаригардида дар Тоҷикистон бори аввал озмуни байналмилалии Бозиҳои Делфӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 20 нафар истеъдодҳои ҷавони Консерватория иштирок намуда 4 нафари он ғолиби ин озмун гардиданд. Роҳбарияти таълимгоҳ ҳодисаи фараҳбахшро барои худ ин аз чоп баромадани маҷаллаи илмии «Мутриб»-ро қаламдод намуданд.
Дар Консерватория шуъбаи такмили тахассуси кормандон фаъолият мекунад, ки ҳамасола дар ҳамкорӣ бо коллеҷу мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда бо ҷалби мутахассисони Ватаниву хориҷӣ омӯзгорон марҳила ба марҳила аз такмили ихтисос гузаронида мешаванд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ