Ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён»-и ноҳияи Фирдавсӣ
Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Фирдавсӣ Конференсияи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”-и Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ва аъзои фаъоли ҳизб иштирок намуданд.
Дар оғози ҳамоиши Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён» роҳбарияти он баромад намуда, оид ба фаъолияти кумита ҳизбӣ ҳисобот дод. Мавсуф қайд намуд, ки дар соли 2022 иловатан 219 нафар омӯзгор ба сафи ҲХДТ пайвастанд, ки дар маҷмуъ шумораи умумии аъзои ташкилоти ҳизбӣ ба 3 ҳахору 733 нафар расид. Қайд гардид, ки дар соли 2022 3 ҳазору 319 нафар хонанда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Фирдавсиро хатм намуданд, аз ин шумора 2 ҳазору 484 нафарашон ба макотибҳои олӣ дохил шуда, таҳсилашонро идома дода истодаанд.
Дар идомаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Паёми Президенти маҳбуби мо, барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон на танҳо дастур ё роҳнамо, балки барнома ё қадамҳои устувор баҳри таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ, муждае аз зиндагии шоистаи мардум хоҳад буд.
Зимни баромади худ мавсуф фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”-ро қаноатбахш арзёби намуда, иброз дошт, ки нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар рушду пешрафти самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум назаррас аст.
Дар фарҷом ба як қатор аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён», ки дар амалигардонии Барномаҳои ҳизб саҳм гузоштанд, бо сипоснома ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон ба ҷавононе, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, шаҳоданомаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ