Барқи тоҷик: Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар маҷмуъ 16 миллиарду 293 миллион киловатт соатро ташкил дод
Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар маҷмуъ 16 миллиарду 293 миллион киловатт соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2021 дар ҳаҷми 367,7 миллион киловатт соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар сатҳи 102,3 дарсад таъмин гардид. Ин маълумот зимни натиҷагирии фаъолияти ширкати Барқи тоҷик дар соли 2022 ба хабарнигорон пешниҳод шуд.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ширкати Барқи Тоҷик роҳбарияти он изҳор доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда, дар неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми 14 миллиарду 817,5 миллион киловатт соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ҳаҷми 1 миллиарду 475,5 миллион киловатт соатро ташкил додааст.
Тибқи маълумот дар соли 2022 Ширкати “Барқи тоҷик” ба ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”-756,8 миллион киловатт соат ба маблағи 101 миллион сомониӣ ва ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 17 миллиарду 424 миллион киловатт соат ба маблағи 2 миллиарду 344 миллион сомонӣ интиқол додааст.
Бо мақсади таъмин намудани ҳолати кории иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ, корҳои таъмирию барқарорсозӣ аз ҷумла таъмири асосӣ ва ҷории таҷҳизот дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 63,5 миллион сомонӣ иҷро гардиданд.
Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҶТ бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баланд намудани эътимоднокии фаъолияти иншоотҳои истеҳсолкунандаи барқу гармӣ бо ҷалби сармояи шарикони рушд айни замон як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи электроэнергетика татбиқ гардидаистодаанд.
Бояд гуфт, ки феълан корҳои таъмирию профилактикӣ дар якқатор неругоҳҳои ҳудуди кишвар ҷараён доранд.
Дар ин давра роҳбарияти “Шабакаҳои интиқоли барқ” самти асосии фаъолияти худро вобаста ба сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти шабакаҳои интиқоли барқ ва беҳтар намудани сифати интиқоли неруи барқ равона намуд.
Дар нишаст миёни хабарнигорон ва роҳбарияти ниҳодҳои дахлдор саволу ҷавоб сурат гирифт.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ