image

Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун падидаи номатлуб дар ҷомеаи мутамаддин-Мулоқоти масъулини МИҲД-и н. И. Сомонӣ бо падару модарон ва сокинони н. И. Сомонӣ

date_range14.02.2023, 12:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye210

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Суди ноҳия ва падару модарони хонандагон баҳри пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиву тундгаро мулоқот доир гашт.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Суди ноҳияи Исмоли Сомонӣ бо роҳбарони бахшу шуъбаҳои мақомот, падару модарони хонандагони муасссисаҳои таҳсилоти миёна ва сокинони маҳаллаҳои Шафтолузор, Ҳабиб Аҳрорӣ ва КВД «Манзилхизматрасони №1» дар мавриди пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва андешиданҳои тадбирҳо ҷиҳати тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ мулоқот анҷом доданд.

Зикр шуд, ки чуноне огаҳӣ дорем Пешвои милллат дар Паёми ироанамудаашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месзозанд. Аз ин лиҳоз мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гаравиши ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Масъулин инчунин дар суханронии худ изҳор доштанд, ки ҷавонону наврасони дар ҷомеаи муттамадини имрӯза бояд дарк намоянд, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем.

Дар идомаи мулоқот иштирокчиён қайд намуданд, ки барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"