ҶАЛАСАИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР НАМУДАНИ ЧОРАБНИҲОИ ДАРПЕШИСТОДА
ш.Душанбе. 14.02.2023. Бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 8-9 феврали соли 2023, №№47,49 “Дар бораи таҷлили 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” ва “Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе” имрӯз бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҷаласаи Кумитаи тадорукот доир карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур аъзои Кумитаи тадорукот, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, аз сохторҳои шаҳрӣ иштирок намуда, доир ба таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлил намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе вазифагузорӣ карда шуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар барои сазовор баргузор намудани ин ду ҷашн ба масъулин дастуру споришҳои мушаххас дода, қайд намуданд, ки дар натиҷаи эҳсоси масъулияти баланд ва ҳамаҷониба равона сохтани маҳорату малака ва сарҷамъона фаъолият намудани соҳторҳо чорабиниҳо чун пештара дар сатҳи баланди касбӣ хоҳанд гузашт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ