image

Маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2022

date_range14.02.2023, 13:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye283

Дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли шашум аст, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.

Маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2022 дар Кохи Парфенон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода сурат гирифт.

Зимни суханронии худ ҳозирин таъкид доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат зери сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат дар қатори рушди соҳаҳои муҳими давлатдорӣ таваҷҷуҳи хосаи худро нисбат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зоҳир карда, ба рушди минбаъдаи он заминаҳои меъёрию ҳуқуқиро фароҳам овардаанд.

Сипас, маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид. Нахуст, ба 35 нафар мураббиёну варзишгарони комёбу муваффақи кишвар, ки дар риштаҳои мухталифи варзиш дар соли 2022 ва дастовардҳои баланди варзишӣ шарафёб гардидаанд дар ҳузури иштирокчиёни чорабинӣ дар фазои тантанавӣ бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд.

Ҳамзамон, дар маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2022 ғолиби озмуни Ҷоизаи варзишгари беҳтарини сол насиби паҳлавони номдори кишвар - Темур Раҳимов гашт.

Ҳамзамон, дар номинатсияи Беҳтарин варзишгар миёни ҷавонон - Эмомалии Нуралӣ ғолиб дониста шуд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"