image

Машварати омӯзишии кормандони соҳаи маориф ва мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баргузор шуд

date_range14.02.2023, 15:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye178

Сарраёсати маорифи пойтахт дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар баробари машғулиятҳои дигари таълимӣ бо ҷалби мудирон ва мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ машваратҳои омӯзиширо низ мунтазам ташкилу баргузор менамояд. Ин ҳафта машварат дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо фарогирии кормандони соҳаи маориф ва мураббияҳои боғчаҳои ҳудуди ноҳия дар Муассисаи таълимии томактабии «Ширхоргоҳ-кӯдакистон»-и №121 баргузор шуд. Баррасии масъалаҳои таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо, гузаронидани машғулиятҳо бо усулҳои ҷолибу шавқовар барои кӯдакон, фаъолмандии мураббӣ ва худмеҳварии тарбиятгиранда аз ҷумлаи мавзӯҳои барасишуда дар кори машварати омӯзишӣ буд.

Гуфта мешавад, ки ин тадбир барои беҳтар гардидани сифати таҳсилот мусоидат менамояд. Дар ҳузури ширкатдорони машварат аз ҷониби мураббияҳои ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар доираи таҷрибаи пешқадам машғулияти омӯзишии забони русӣ гузаронида шуд. Дар як вақт ҳам кӯдакон ва ҳам мураббияҳои боғчаҳо дар раванди ин машғулият ширкат намуда, аз маҳорати педагогии мураббияи ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ баҳравар гардиданд. Ин машғулият бо нишондоди барномаҳои соҳавӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурии ин бахши маориф гузаронида шуд.

Ҷойи таъкид аст, ки таҳсилоти томактабӣ дар низоми маорифи кишвар яке аз зинаҳои асосии таҳсилот дониста мешавад. Аз ин рӯ бештар таваҷҷуҳ ба ин самт равона карда мешавад, то ки раванди омӯзишу тарбия дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардад.

Ташкили чунин машғулиятҳо барои рушди бештари касбияти мураббиён, тақвияти маҳорати педагогии онҳо ва роҳандозии усулҳои муосири омӯзиш мусоидати фаъол менамояд. Роҳбарити Шуъбаи маорифи ноҳия низ дар ҷараёни ин тадбири омӯзишӣ ширкат намуда, барои беҳтар гардидани маҳорату малакаи мураббиёни муассисаҳо тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"