Оғози даври аввали озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикон-оинаи таърихи миллат"
Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар толори Литсейи донишгоҳ даври аввали озмуни ҷумӯриявии "Тоҷикон-оинаи таърихи миллат"-ро, ки дар асоси амри Президенти кишвар роҳандози гардидааст оғоз намуданд.
Зимни ифтитоҳи озмуни мазкур масъулини Донишгоҳ сухан карда зикр намуданд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.
Сипас озмун оғоз гардида, хонандагони Литсейи донишгоҳ хар яке бо донишу маҳорати баланди хеш дар назди ҳакамон баромад намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки озмун дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих доир мегардад.
Пас аз ҷамъбасти даври аввали озмуни болозикр дар сатҳи литсей, конфронси илмӣ-адаби ба ифтихори 115-солагии муаллифи китоби мондагору пурарзиши "Тоҷикон", академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки доираи васеи омӯзгорону хонандагон баргузор гардид. Хонандаон бо қироати шеъру суруд ва саҳначаҳои ҳаҷви хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор давр аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 доир карда мешавад.
Ҳамзамон, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳ вобаста ба таҷлили 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузории чорабиниҳои илмӣ дар Донишгоҳ ва филиалу литсейҳои он дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҷараён доранд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ