image

Чорабинӣ дар қисми низомӣ аз ҷониби масъулини МИҲД н.Шоҳмансур

date_range15.02.2023, 11:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye219

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи таҷлили ҷашни 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур ҳамроҳ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаии умумӣ ба дидорбинии сарбозони қисми низомии 02 615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд.

Бо мақсади ошноӣ аз ҳаёти сарбозону афсарон ва буду боши онҳо дар қисмҳои низомии пойтахт масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур ва хонандагони муассисаҳои таҳсилотим миёнаи умумӣ ба аёдати сарбзону афсарони қисми ҳарбии 02615 – и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ноҳия қарор дорад, ташриф оварда бо онҳо аз наздик суҳбат намуданд.

Дар рафти аёдат масъулин бо сарбозону афсарон мулоқот намуда, ба хонандагон таъкид намуданд, ки артиши миллӣ бо вуҷуди имконоти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ дар замони ниҳоят ҳассоси таърихи даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфта, хушбахтона марҳила ба марҳила зери таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди инфрасохтонри низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳо амалӣ карда шуданд.

Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист. Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлоли мамлакат буда, ҳамасола бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ба талаботи давру замон мутобиқ карда мешавад. Дар ин баробар мустаҳкамсозии заминаи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дастовардҳои то ба имрӯз амалигашта натиҷаи чунин ғамхориҳо мебошад.

Дар ҷараёни дидорбинӣ аз ҳаёти сарбозон масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варщзиши нохияи Шоҳмансур изҳор доштанд, ки хизмат дар сафи кувваҳои мусаллаҳи кившар мактаби мардонагиву ҷасурӣ буда, дар ҷараёни он ҳар як ҷавонписар пурра обутоб меёбад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"