Ҳамоиш доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон
Дар асоси нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин навбат вохӯрии масъулин бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон доир гардид.
Баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманд дар ташкилоту кумитаҳои ҳизбӣ идома дорад. Мулоқоти навбатиро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳяияи Сино ифтитоҳ намуда, рушди соҳаҳои гуногуни кишваро ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироа гардида буданд, шарҳу тавзеҳ дода, қайд намуд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Аз ин лиҳоз ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳое дар ин самт ҷой дошта, сармоягузорӣ ба хотири рушди нерӯи инсонӣ мебошад. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон, яке аз самтҳои афзалиятнок ҳисобида, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд”.
Зимни баромад мавсуф зикр кард, ки дар давоми 30 соли ахир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот 3,5 баробар, мактабҳои олӣ 4 баробар ва донишҷӯён зиёда аз 3 баробр афзуда аст. Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва соҳаи маориф 6 милиарду 304 мл сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6% зиёд буда, қариб 19% ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҳар яки мо бояд пайравӣ аз ҳадафҳои некбинонаи Пешвои муаззами миллат намуда, саъю кушиши худро баҳри ободии ватани азизамон равона созем.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ