Вохӯрӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар
Ба муносибати 30 солагии тасисёбии Қуваҳҳои мусаллаҳи кишвар баргузории ҳамоишҳои гуногун дар шаҳри Душанбе идома дорад. Дар чорабинии навбатӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор шуд, собиқадори Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи ҳарбии ватанрпарастии ҷавонон суханронӣ намуда, афзуданд, ки Ватан қиматтарин тӯҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад.
Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон муҳайёст. Зикр рафт, ки ҷавонон бояд Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар бошанд ва ба Тоҷикистони азизи худ вафодор бимонанд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба тарбияи ҳарбӣ ватанпарастии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувааҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун мактаби мардонагӣ баромад намуданд.
Ҳамзамон чунин мулоқоти судманд бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор шуд.
Зимни ифтитоҳи мулоқоти навбатӣ ҳозирин вобаста ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда иброз доштанд, ки ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис додашуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд.
Қайд гардид, ки 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид ва Артиши миллӣ оғоз аз ин давра ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ