image

Таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

date_range15.02.2023, 15:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye182

Ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ 15-уми феврал Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон қайд карда мешавад. Бахшида ба ин сана дар Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Тибқи иттилоъ аз соли 2009 инҷониб Бунёди хайриявии «Лона» ин шуъбаро сарпарастӣ мекунад.

Дар доираи ҳамаи иду ҷашнҳо ва санаҳои муҳимми таърихӣ ба кӯдакони бемор туҳфаҳо супорида мешаванд. Мақсади асосии Фонди хайрияи «Лона» кӯмаку дастгирии тифлону наврасони мубтало ба бемориҳои саратон ва талош ҷиҳати ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани онҳо мебошад. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон ҳунармандони Муассисаи давлатии “Театри намунавӣ-минятурии Оина”-и Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаи фарҳангиро пешниҳод карданд.

Бо мақсади тарбияи хуби насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва баланд бардоштани савияи дониши насли ояндасози миллат ҳунармандони театри мазкур якчанд намоишҳои театрӣ ва ҳаҷвиии омоданамудаи худро пайваста ба наврасон пешниҳод мекунанд. Дар чорабинии имруза низ чунин намоишҳо, ки паҳлуҳои гуногуни тарибияву таълимро дар бар мегиранд, пешниҳоди ин кӯдакон гардонида шуд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"