image

Нишасти хабарии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо рӯзноманигорон

date_range16.02.2023, 11:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye209

Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми июни соли 2022 оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахту буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳолати 6-уми январи соли 2023 19 ҳазору 337 бех дарахту бутаҳои ороишӣ шинонида шудааст, ки аз ин шумора 1 ҳазору 381 адад дарахтони сояафкан, 9 ҳазору 422 адади он ороишӣ, 1 ҳазору 128 адад мевадиҳанда ва 7 ҳазору 406-тои дигар буттаҳо мебошад. Ин нуқта зимни нишасти хабарии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо рӯзноманигорон таъкид шуд.

Зимни баромади хеш раиси ноҳияи Фирдавсӣ кайд намуд, ки ҳамарӯза аз худуди марзиву маъмурии ноҳия 218 тонна партовҳои сахти маишӣ ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда мешаванд. Дар соли 2022 аз ҳудуди ноҳия ба миқдори 86 ҳазору 610 тонна партов ба партовгоҳҳои умумишаҳрӣ кашонида шуда, чамъоварии маблағи он мувофиқи нақша 88 фисадро ташкил медиҳад.

Айни замон дар ҳудуди ноҳия бо аҳолӣ ва хоҷагиҳои воридгардида аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагӣ 56 ҳазору 847 хоҷагӣ мебошад, ки аҳолии он 263 ҳазору 871 наффаро дарбар мегирад.

Дар ҳудуди ноҳия 48 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умуми асосии 9 сола, 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 5 гимназия бо фарогирии 80 ҳазору 28 нафар хонанда фаолият мекунад, ки ба онҳо 2 ҳазору 488 нафар омӯзгор дарс мегуянд.

Қайд гардид, ки айни замон шумораи гирандагони стипендия дар ноҳия 122 нафаро ташкил медид. Аз шумораи болозикр 77 нафарашон гирандагони Стипендиия Президентӣ, 24 нафар Стипендияи Раиси шаҳр ва 21 нафари дигарашон гирандагони Стипендияи раиси нохия мебошанд.

Гуфта шуд, ки дар соли 2022 аз тарафи шаҳрвандон ба бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия 5 ҳазору 448 нафар оид ба гузаронидани ҷашну маросимҳо муроҷиат намуданд.

Дар ин давра дар натиҷаи гузаронидани рейдҳои муштарак дар давоми соли 2022 6 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбати шахсони ҳуқуқвайронкунанлда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"