image

Мулоқот доир ба дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» бо хонандагони «Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»

date_range16.02.2023, 13:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye281

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ, ки низоми маорифашон пешрафта мебошад, таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Ҳамасола дар доираи Стипендияи байналмилалии президентии «Дурахшандагон» нафарони зиёд дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ дохил гардида, идомаи таҳсил мекунанд. Бино ба иттилои масъулони Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили солҳои 2023 - 2024 ба шаҳрвандони мамлакат аз рӯи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» 120 ҷой ҷудо гардида, қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 1-уми март идома меёбад. Имтиҳонҳо бошад, аз 1 то 12-уми март аз тариқи Маркази миллии тестӣ ва Комиссияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Шартҳои иштирок дар озмун дар доираи мулоқоти роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» барои хатмкунандагони Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» фаҳмонда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамасола дар доираи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва ҳамкориҳои судманди Ҳукумати мамлакат бо давлатҳои хориҷи дуру наздик садҳо нафар хоҳишмандон имкони таҳсил дар пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ, ки дар рейтинги байналмилалӣ аз даҳгонаи беҳтарин то садгонаро пайдо мекунанд.

Тибқи маълумот соли гузашта 36 нафар хатмкардаи «Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе», аз ҷумла тариқи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» барои идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи мамлакат дохил гардиданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"