Ҷаласаи намояндагони МИҲД-и ш.Душанбе бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади омодагӣ, корбарӣ ва баргузории фестивалу чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе ҷаласа доир шуд. Ҷаласа таҳти раёсати муовинони Раиси шаҳри Душанбе-сарпарастони соҳа роҳандозӣ шуд. Ҳамчунин дар он муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони шуъбаву бахшҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, фарҳанг, Сарраёсати маорифи пойтахт ва роҳбарони муассисаҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва дигар масъулон иштирок доштанд.
Ҷаласа аз ду қисмат иборат буд. Дар қисмати аввал омодагӣ ба фестивал ва чорабиниҳо бахшида ба рузи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ баррасӣ шуд. Дар ин самт ба сохторҳои масъул дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод гардид. Дар идома доир ба баргузор намудани сеюмин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам”, баргузор намудани фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” ҳамчунин баргузор намудани амалиёти ватандӯстонаи шаҳрии ҷавонон таҳти унвони “Ҳимояи Ватан-мароми мо ҷавонон” дастурҳои зарури дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар пойтахт чорабиниҳои зиёди маърифатӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ доир ба иду ҷашнҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешаванд, ки ҷавонону наврасон ва ҳунармандони ҳудуди пойтахт ҷалб мегарданд. Дар қисмати дуюми ҷаласа, ки фарогири ҷалби ҷавонон ба даъвати ҳарбӣ ва корбарӣ барои таъмини даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ буд, масъулин дастуру супоришҳо мушаххас гирифтанд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ҷавонон хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳро вазифаи асосии худ дониста, сарбаландона хизмати ҳарбиро адо менамоянд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ