image

ДАР СОЛИ 2022 БА ШАҲРИ ДУШАНБЕ БЕШ АЗ 192 ҲАЗОР МЕҲМОНОНИ ХОРИҶӢ ТАШРИФ ОВАРДАНД

date_range17.02.2023, 11:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye422

Имрӯз дар толори баргузории нишастҳои матбуотии Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид.

Зимни нишаст муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед иттилоъ дод, ки мувофиқи маълумоти оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 22,5 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,1 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,5 фоизро ташкил дод.

Ҳамзамон қайд гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт бо ташаббус ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёду азнавсозии 10 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт роҳандозӣ гардида, айни ҳол 3 адади он мавриди истифода қарор дода шуд ва дар боқимонда иншоотҳо корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"